Писари иблис Наримон. 8. Некрӯз Назирзода

Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода страница 4

Писари иблис Наримон. 8 - Некрӯз Назирзода

Скачать книгу

ҳам намедонистам. Дирӯз падарам ба ман нишон дод ва ман низ ба тааҷҷуб афтидам. Падарам ба ман ду асроре, Тирагоҳ дорад, нақл кард. Шояд ҷойҳое, ки мо намедонем, дар ин ҷо зиёд бошанд.

      Пайроҳа хеле танг, дароз ва то рафт ториктар мешуд. Самеъ барои роҳро дидан дар кафаш оташ пайдо кард. Наримон низ каф ба боло, дасташро кушод ва дар болои кафи ӯ оҳиста оташ пайдо шуд. Онҳо роҳро давом медоданд. Дар як ҷое, ки пайроҳа гардиш дошт, истоданд.

      – Мана ин ҷо— гуфт Самеъ.

      Наримон ба ҳар тараф нигоҳ кард. Аммо чизи ҳайратомезаш набуд. Танҳо пайроҳаи тангу торик, ки самташро дига карда буд. Наримон ҳамин тавр фикр кард, аммо ҳоло ҷои муҳимаш наомада буд. Самеъ оҳиста дастонашро ба девор монд ва дар девор шакли чоркунҷа, ки атрофаш дар мегирифт, пайдо шуд. Он шакл оҳиста ҷудо шуду ба боло баромад ва дар девор даромадгоҳ пайдо шуд. Онҳо ҳарду оташҳои болои кафро хомӯш намуданду ба дарун даромаданд. Дарун мисли толор калону васеъ буд ва дар деворҳо оташҳо буданд. Наримон ба ҳар тараф нигоҳ карду гуфт:

      – Ин ҷоро бори нахуст мебинам.

      – Ин ҳоло ҳамаш не— гуфт Самеъ —Ба ин ҷо биё!

      Самеъ ба охири толор рафту ба поён нигоҳ кард.

      – Инро бубин!

      Наримон аз қафои Самеъ рафт ва дид, ки дар охири толор як чуқурии калону васеъи чоркунҷа буд. Ҳаҷми он ҷуқурӣ мисли як ҳуҷра буд ва чуқурии ӯ тақрибан даҳ ва ё ёздаҳ қадам мебаромад. Дар он ҷо пурри морҳои сиёҳи калон – калон, ки дарозии ҳар якташ тақрибан ду қадам мебаромад, тобхӯрон меистоданд. Онҳо ҳамин тавр зиёд буданд, ки замин дар чуқурӣ намоён намешуд.

      – Ин қадар мори зиёдро акнун мебинам— гуфт Наримон дар ҳайрат —Онҳоро кӣ ба ин ҷо ҷамъ кардааст ва барои чӣ?

      – Инҳо морҳои оддӣ нестанд— гуфт Самеъ —Инҳоро «Флунҳо» меноманд. Бо нақли падарам дар дунё ғайр аз инҳо дигар Флунҳо нестанд. Ин морҳо тақрибан дусад сол пеш, аз тарафи иблисҳо дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо сохта шудаанд. Чӣ ҷонзоте набошад ҳам, ки агар ба тӯдаи Флунҳо фарояд зинда намемонад, ҳатто иблисҳо. Дар вақти ҷанг бо афсунгарҳо иблисҳо афсунгарҳои охиронро дар ҳамин ҷо, бо азоб куштаанд. Ҳоло афсунгарҳо дар дунё мавҷуд нестанд. Дар ҷанги тӯлонӣ иблисҳо ғолиб омада буданд.

      Самеъ море, ки дар гардани Наримон истода буд, гирифту дар болои чуқурӣ овезон дошт. Флунҳо оҳиста ба ҷои мефаромадани мор ҷамъ шуданду сарашонро бардошта, ба ҳамла омода шуданд. Мор бошад, аз тарс фаромаданро намехост ва ба дасти Самеъ мечаспид.

      – Ту чӣ кор мекарданӣ ҳастӣ? – Наримон гуфт —Бубин мор метарсад напарто!

      Мор аз тарс дасти Самеъро газид. Самеъ бошад, ба газидани мор парво ҳам накарду гуфт:

      – Ҳозир шоҳиди тамошои аҷоиб мешавӣ.

      Ӯ морро сар дод. Даме, ки мор фаромад, Флунҳо ӯро пора пора карданд.

      – Бубин— гуфт Самеъ —Онҳо як зот бошад ҳам, Флунҳо инро намедонанд, онҳо фақат куштанро медонанд ва айнан барои ҳамин Флунҳо сохта шуда буданд. Онҳо ҳатто соҳиби худро мекушанд.

      – Дастатро сахт газид? – Наримон ба дасти Самеъ нигоҳ кард.

      – Не—

Скачать книгу