Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 10

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев

Скачать книгу

шудани ташкилотҳои ҳавзавӣ, шӯрои миллии об ва шӯроҳои ҳазавии дарёҳо барои ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ба назар гирифта шудааст. Яке аз аввалинҳо дар Тоҷикистон соли 2014 бо маблағгузории ҳориҷӣ нақшаи идоракунии ҳавзаи қисми Тоҷикистонии дарёи Исфара (дар қатори нақшаи якхела барои қисми қирғизии ҳавза) таҳия гардида буд.

      Вазорати энергетика ва захираҳои об мақомоти асосии ҷавобгӯйи сиёсат ва танзими соҳаи захираҳои об ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии системаҳои ирригатсионӣ ва дренажӣ ҷавобгар аст. Ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон (АИО) обро дар байни аъзоёни худ тақсим мекунад ва маблағи хизматрасонии обтаъминкуниро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар соли 2016 – 400 АИО ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо қариб 400 ҳазор гектар заминҳои обиро дар бар мегирифт.

      Кумитаи ҳифзи муҳити зист назоратро оид ба риояи меъёрҳо ва қонунҳо вобаста ба об амалӣ мекунад иҷозат барои истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда медиҳад.

      Агентии обуҳавошиносии Кумита мониторинги сифат ва миқдори обҳои рӯизаминиро

      мегузаронад.Саридораи геология (Тоҷикгеология) хулосаҳоро барои об дар манбаҳои обҳои зеризаминӣ медиҳад ва мониторинги обҳои зеризаминиро мегузаронад. Хадамоти назорати санитарӣ – эпидемиологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинги оби нушокӣ ва обҳои шиновариро мебарад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои паст фаровардани хавфи офатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезӣ ҷавобгар аст. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои идоракунии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар шаҳрҳо ва деҳот ҷавобгар аст, вале шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионии шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Норак, Роғун, Файзобод дар тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

      Ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайриҳукуматӣ дар таҳияи нақшаҳои маҳаллии истифодабарии захираҳои обӣ, паҳн намудани донишҳои дахлдор дар байни аҳолӣ дар чорабиниҳои намоиш додани усулҳои замонавӣ ва таҷҳизот барои обмонӣ иштирок менамоянд. Иштироки корхонаҳои хусусӣ дар идоракунии захираҳои обӣ ва обтаъминкунӣ на он қадар фаъол аст.Дар соли 2010 Тоҷикистон ва Афғонистон со-зишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар истифодабарии захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё ба имзо расониданд. Аз он давра ҳамкории дутарафа дар асоси мулоқотҳо, экспедитсияҳо ва тадбиқи лоиҳаҳои обӣ – экологӣ бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст. Соли 2014 Тоҷикистон ва Афғонистон «Меморандум дар бораи якдигарфаҳмӣ дар масъалаҳои мубодилоти маълумоти гидрологӣ ва иттилоот вобаста ба ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё дар давраи то соли 2020» имзо карданд.

      4. Таъсири антропогенӣ ба литосфера

      Таъсироти антропогенӣ ба литосфера

      Литосфера – ин қабати болоии берунаи кураи Замин мебошад.

      Сохти дохилии замин:

Скачать книгу