Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев
Чтение книги онлайн.
Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 7
–оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;
–меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)– маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;
–таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;
–истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;
–истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;
–истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;
–истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)
–каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;
–мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;
Дарси амалӣ.
Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Иқдомҳои мазкур диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.
Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, сано- ат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.
Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад, дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об