Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 6

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев

Скачать книгу

ифлосшавии об инҳоянд: обҳои шорандаи саноати нафт, химияи нафт, химиявӣ, ангишт, селлюлоза-қоғазӣ ва металлургӣ.

      Истифодабарии вояи зиёди нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ, воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо ҳам инчунин ба ифлосшавии обанборҳо ва ҷараёнҳо оварда мерасонад.

      Нуриҳо (удобрения) ва инчунин элементҳои биогенӣ, ба мисоли фосфор ва нитроген, ки дар обҳои шорандаи корхонаҳои саноатӣ ва комплексҳои чорводорӣ мавҷуданд, ба ҳавзҳо ва ҷараёнҳои рӯизаминӣ ворид гашта реҷаи биологӣ ва биохимиявии онҳоро вайрон мекунанд. Он қобилияти обҳои табииро ба худтозакунӣ паст менамояд, ки он на танҳо ба пастшавии сифати об ва инчунин ба деградатсияи онҳо оварда мерасонад.

      Яке аз ифлоскунандаҳои асосии об ин нафт ва маҳсулоти он мебошад. Ҷоришавии нафт ба Уқёнус ҷаҳонӣ аз рӯи ақидаи мутахассисон тақрибан баробари 25-30 млн т дар як сол мебошад. 1 т нафт дар рӯи об пардаи бо масоҳати 12 км2 ро ҳосил мекунад.

      3.2. Танзими қонунгузории истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ

      Муносибат бо истифодаи захираҳои обиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 боб, 146 модда) ба танзим медарорад. Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

      Қонунгузорӣ дар бораи об. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

      Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

      Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

      Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;

      –об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

      –обҳои рӯизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;

      –обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

      –захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

      –объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

      –низоми об – тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

      –манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

      –объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) – манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои

Скачать книгу