Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 9

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев

Скачать книгу

Қариб нисфи хоҷагиҳои оилавӣ оби водопроводро аз шабакаҳои умумии таъминоти об, боқимондаи хоҷагиҳо, 25% (2 миллион нафар) аз обҳои манбаҳои рӯизаминӣ – обҳои тозанашудаи дарёҳо, кулҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, ҷӯякҳо ва каналҳо истифода мебаранд, ки онҳо ҷавобгуи меъёрҳои санитарӣ нестанд, агарчи сифати обҳои руизаминии Тоҷикистон дар маҷмӯъ баланд аст.

      Қисми зиёди нуқтаҳои аҳолинишин шабакаҳои дурусти обтозакунӣ ва канализатсионӣ надорад, аз ин сабаб дар ҷойҳо сатҳи баланди касалиҳо, махсусан дарунравӣ ва гипатит мушоҳида мешавад, ки он бо ҳолати нохуби санитарию гигиениӣ вобаста аст. Дар шаҳрҳо наздики 50% аҳолӣ аз ҳоҷатхонаҳои обшустатозакунанда ва канализатсия истифода мебаранд, дар баробари ин дар ноҳияҳои деҳот зиёда аз 95% аҳолӣ ҳоҷатхонаҳои кӯчагӣ бо чуқурии кандашуда доранд, ки онҳо ба ифлосшавии замин ва об таъдид месозанд. Инфрасохтори шабакаҳои канализатсионӣ ва тозакунии об таъмиру васеъкуниро талаб менамояд. Ба ғайр аз Душанбе ва Хуҷанд обҳои истифодашудаи шаҳрҳо фаққат қисман тоза мешаванд ва баъд аз он ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд, аз 62 шаҳру шаҳракҳои мамлакат танҳо нисфи онҳо шабакаҳои канализатсионӣ доранд. Обҳои боришот дар шаҳрҳо ба ариқҳои ду тарафи роҳҳо партофта мешаванд ва бе тозакунӣ ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд.

      Маблағҳои барои таъмири шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионӣ ҷудошуда, 20 миллион доллари ИМА-ро дар як сол ташкил мекунанд, дар ҳолате, ки талаботи таъмир, васеъкунӣ ва сохтмони шабакаҳо 2 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар 30 шаҳрҳо, шаҳракҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини деҳот айни ҳол корҳо ба маблағи қариб 170 миллион доллари ИМА амалӣ гашта истодаанд. Барқарорсозию азнавкунии шабакаҳои обтаъминкунии нӯшокӣ ва санитарӣ, мукаммалсозии тарафҳо ва сифати хизматрасонӣ идома дорад.

      Минерализатсияи зиёди обҳои заҳбурӣ аз майдонҳои обёришаванда ва сатҳи пасти то-закунии обҳои истифодашуда сабаҳои асосии ифлосшавии ҳавзҳо ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ноҳияҳои сераҳолӣ, аз ҷумла ноҳияҳои назди Душанбе, сохтмони қад –қади дарёҳо ба назар мерасад, ки он ба ҷамъшавии партовҳо дар соҳилҳо ва пастшавии сифати об оварда мерасонад. Таъсири манфӣ ба сифати об инчунин чаронидани чорво ва гирифтани шағал аз соҳилҳои дарёҳо мерасонад. Партовҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда ва қитъаҳои партовҳои бесоҳиб низ таъдиди муайян доранд ва эътимолияти ба дарёҳо партофтани онҳо вуҷуд дорад.

      Дар муқоиса бо давраҳои шӯравӣ (30 сол пеш) вақте, ки ҳаҷми партоиши обрезҳо зиёда аз 100 миллион метри мукааб дар як сол ташкил медод, партоиши обҳои ифлосшуда кам гаштааст, вале ҳисоби он гузаронида намешавад ва арзёбии ҳаҷми обрезҳо айни ҳол душвор аст. Дар гузашта истифодаи босуръати моддаҳои кимиёвӣ дар хоҷагии қишлоқ ба зиёдшавии миқдори заҳрхимикатҳо дар об ва замин оварда расонид.Дар замони ҳозира сатҳи пасти истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нӯриҳо ба сифати об таъсири мусбӣ мерасонанд.

      Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо

Скачать книгу