Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Чтение книги онлайн.

Читать онлайн книгу Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев страница 8

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев

Скачать книгу

об аз ҳисоби пиряхҳо дар аввал меафзояд, вале баъдтар, дар баробари хароб гаштани пиряхҳо, кам мегардад. Сарфи максималии ҳаҷми оби дарёҳо ба муҳлатҳои пештар мегузарад ва тобистон ва тирамоҳ, вақте, ки заминҳои кишоварзӣ аз ҳама зиёд ба об ниёз доранд, кам мегардад. Таҳдиди селфароӣ зиёд мешавад.Кулҳои мамлакат қариб 44 километри мукааб об дорад. Кули Сарез дар Помир, ки он соли 1911 дар натиҷаи сангрезӣ дар давраи заминларза ба вуҷуд омадааст, 17 миллиард метри мукааб оби нӯшокӣ дорад. Кулҳои сарбаста дар шарки Помир оби намакдор дорад. Калонтарин кулҳои Тоҷикистон инчунин обанбори Қайроққум бо ҳаҷми 3,4 миллиард метри мукааб ва обанбори Норак бо ҳаҷми 10,5 миллиард метри мукааб, ки болотар аз он айни замон обанбори боз ҳам калонтар сохта шуда истодааст, дохил мешаванд. Ҳамагӣ дар мамлакат 10 обанборҳо вуҷуд доранд, ки онҳо барои истеҳсоли электроэнергия ва обёрӣ истифода бурда мешаванд. Қариб 95% электроэнергия дар Тоҷикистон дар неру- гоҳҳои обӣ истеҳсол мегардад, асосан дар силсила НБО-ҳо дар дарёи Вахш. Барои бисёрии дарёҳо лойолудшавӣ хос аст, ки он дар натиҷаи такшинии лой ғунҷоиши фоиданоки кулҳоро кам мекунад.

      Ҳаҷми сарфи обҳои рӯизаминӣ айни замон қариб 10 километри мукааб дар як сол, истифодабарии онҳо – 8 километри мукаабро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд (қариб 1 километри мукааб дар як сол), инчунин қисми об такроран истифода бурда мешавад, асосан барои эҳтиёҷоти саноат ва обтаъминкунии шаҳрҳо . Барои табобат ва нӯшидан обҳои зеризаминии минералӣ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла Обигарм, Хоҷа- Оби-гарм, Шоҳамбарӣ ва Гарм – Чашма.

      Истеъмолкунандаи асосии об ин заминҳои кишоварзии обёришаванда мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар истифодабарии об 75-80%-ро ташкил медиҳад, ё 6,5-7 километри мукааб дар як сол. Дар баробари ин талафоти об дар давраи обёрӣ зиёд аст ва он зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад, сабаби асосии он истифодабарии усулҳои куҳнаи ирригатсионӣ (обмонии ҷуякӣ), каналҳои обрасонӣ рӯйпуш нестанд, омили иқтисодии сарфа намудани об вуҷуд надорад. Дарозии каналҳо 30 ҳазор километрро ташкил мекунад; шабакаҳои заҳкашу заҳбурҳо – 11 ҳазор километр. Ҳисоби омории истифодабарии об солҳои тӯлонӣ боз гузаронида намешавад. Қисми зиёди маълумотҳо дар бораи истифодабарии об дар хоҷагии қишлоқ дар асоси пурсишӣ – баҳодиҳӣ ҷамъоварӣ мешаванд ва камбудиҳои он зиёд аст.

      Технологияҳои замонавии обёрӣ, масалан, обёрии қатрагӣ, истифодабарии обро 50-80%

      дар муқоиса бо усулҳои ҳозира сарфа мекунад, вале бо сабаби арзиши баланди ин технологияҳо ва нархи пасти (тарифҳои) об, қариб истифода бурда намешаванд. Обёрии зиёду ғайрисамаранок на танҳо ба талафоти зиёди об, инчунин ба шӯршавӣ ва бодлесии замин ва дигар оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Масалан, дар водии Ёвон партоиши обҳои дренажӣ ба хокҳои ноустувори теппаҳо ва обёрии исрофкорона ташкил ёфтани оббурдаю ҷариҳои калон оварда расонд.

      Барои обёри на танҳо оби бисёр, балки энергияи зиёд низ сарф мегардад. Стансияҳои

Скачать книгу